Чанд лаҳза қабл дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Маросими супурдани ҷоиза ба истиқболи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлол баргузор шуд. Дар миёни ҷоизадорони имсола муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» Атобек Ғоибов низ бо унвони давлатии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардид. Ин дуюмин мукофоти давлатӣ аст, ки Атобек Ғоибов барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи ВАО ва пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат қадрдонӣ мешавад. Аввалин маротиба соли 2006 ба ин рӯзноманигори шинохта Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда буд.
Бояд гуфт, ки Атобек Ғоибов хатмкардаи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода буда, аз соли 1987 фаъолияти рӯзноманигориашро оғоз намудааст ва то имрӯз ҳамчун муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» фаъолият дорад.
Аз идора: Аз номи ҳайати эҷодиву техникии радиои ҳамкорамон Атобек Ғоибовро ба муносибати қадрдонӣ шудан бо ин унвони баланди давлатӣ самимона таҳният гуфта, барояшон саломатӣ, умри дароз ва парваози баландтари эҷодиро таманно дорем.