Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Екатеринбург бо Губернатори вилояти Свердловск Евгений Куйвашев мулоқот намуд, ки дар он вазъи кунунии равобити минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск дар соҳаҳои мухталиф, инчунин дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барарсӣ шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкории байниминтақавӣ ба вежа дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, сайёҳӣ инчунин, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва зиёд кардани шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии вилояти Свердловск изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар идомаи мулоқот аҳаммияти истифодаи иқтидори мавҷударо барои тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва ҷалби сармоя зикр кард. Аз ҷумла, масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба вилояти Свердловск ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон матраҳ гардид.
Ҳамчунин Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода маъмурият ва доираҳои соҳибкории вилояти Свердловскро барои ширкат варзидан дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват намуд.
Мусоҳибон изҳори итминон намуданд, ки мулоқоти баргузоргардида дар рушди ҳамкории ҳамаҷонибаи минтақаҳои Тоҷикистон бо вилояти Свердловск саҳми нав хоҳад гузошт.