Подшоҳи нави Британияи Кабир Карл III субҳи имрӯз зимни видоъ бо малика Елизабета II суханронӣ карда, ваъда дод, ки дар кори роҳбарӣ аз таҷрибаи модараш кор гирифта, ба анъанаҳои ӯ пайравӣ хоҳад кард. Дар ин бора Мирсаиди Хайрулло, мухбири радиои “Овози тоҷик” дар такя ба расонаҳои маҳаллӣ иттилоъ дод.
«Ман ин мероси бузург, вазифа ва масъулиятҳои муҳимеро, ки ҳоло аз модарам ба ман гузаштаанд, амиқ дарк мекунам. Бо назардошти ин масъулият кӯшиш мекунам, ки ба анъанаи давлатдории модарам, ки намунаи олитарин буд, пайравӣ кунам. Ҳукумати конститутсионӣ ва сулҳофару давлати шукуфоро барои мардуми сарзаминҳои қаламрави Иттиҳод фароҳам орам», — гуфт ӯ дар маросими видоъ. Шоҳи нав гуфт, Елизабета II намунаи олии «дорои муҳаббати абадӣ ва хидмати фидокорона» ба кишвараш буд, — навиштаанд расонаҳо
Сипас, Карл III барои ҳифз ва ҳимояи Калисои Шотландия савганди анъанавӣ ёд карда, ду нусхаи эъломияи савгандро имзо кард. Дирӯз ин эъломияи расмиро як қатор шахсони олирутбаи Британия, аз ҷумла шоҳзода Уилям, малика Камилла, сарвазир Лиз Трасс, раиси Шӯрои ворисон Пенни Мордаунт ва дигарон низ имзо карда буданд.
Шоҳзода Карл III рӯзи панҷшанбе пас аз марги модараш — малика Элизабетаи II подшоҳи нави Британия шуд. Аммо раванди интиқоли расмии тахт имрӯз — шанбе дар Шӯрои ворисон сурат гирифт. Ин Шӯро дар Кохи Сент Ҷеймс дар Лондон ҷамъ шуд.
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, 8 сентябр маликаи Британия Елизабетаи II, ки беш аз 70 сол дар ин кишвар ҳукмронӣ мекард, дар Шотландия дар синни 96-солагӣ даргузашт. Акнун мақоми ӯро расман писараш Карл III гирифта, ҳамсари ӯ Камилла малика шуд.