Акнун Ҷумҳурии Исломии Эрон низ узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) шуд. Дар ин бора радиои “Овози тоҷик” дар такя ба рӯзномаи “Овози Самарқанд” иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи рӯзнома, имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар рӯзҳои нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ аз ҷониби дабири кулли Созмон Чжан Мин ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ Ёддошти тафоҳум дар бораи ба Эрон додани мақоми узи комилҳуқуқи СҲШ имзо шуд.
Баъди имзои ин санад Сайид Иброҳим Раисӣ ба Чжан Мин ва сарони кишварҳои муассис изҳори сипос намуда, зикр кардааст, ки бо имзои санад дар бораи ба узвияти комилҳуқуқи Созмон паазируфта шудани Эрон минбаъд кишвараш ба марҳилаи нави ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, транзитӣ ва энергетикӣ ворид мешавад.