Бахшида ба 31-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 сентябр бо ташаббуси роҳбарияти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар мавзӯи «Рушди илмҳои башардӯстӣ дар 31 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардид, хабар додааст сомонаи донишкадаи мазкур.
Ба иттилои манбаъ, Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маҳмадёр Раҷабзода кори конфренсияро оғоз намуда, дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ- асоси муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ» сухан гуфт. Ӯ зикр намуд, ки «истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем, ки бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад».
Зикр шуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ кишвари мо таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар шароити такомули муносибатҳои нави байналмилалӣ пайваста эътиборашро афзуд ва тавассути сиёсати хориҷии бисёрқутба ва пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мақоми шоиста ба даст овард.
Имрӯз коршиносон ва муҳаққиқони ватанӣ дар бораи пешравию дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли ин давра дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳлилҳои амиқ ва ҳамаҷониба гузаронида истодаанд.
Зимни конференсия дар маърузаҳои устодон Исроилов И.Н, Шарипова М. Қ., С. Муқимов, Садиров Ш. А., Давлатов Н. М., Фақиров Ф. Л. ва дигарон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини фазои орому осудаи кишвар ифода гардид.
Дар идомаи конференсия олимону муҳаққиқони соҳаи таърих, ҳуқуқ ва дигар бахшҳо бо маърӯзаҳои илмӣ ва пурмуҳтаво баромад намуданд.