Минбаъд кишварҳои Миср ва Қатар шарикони муколамаи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) шуданд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба рӯзномаи «Овози Самарқанд» иттилоъ дод.
Мақоми кишвари шарик ба ин созмон ҳуқуқ медиҳад, ки бо даъвати давлатҳои аъзо дар чорабиниҳо дар доираи СҲШ баргузор гардад. Рӯзи 14 сентябр дар Тошканд дар доираи омодагӣ ба нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай маросими имзои ёддоштҳо дар бораи додани мақоми кишвари шарики муколамаи СҲШ ба ҷумҳурии Мисри Араб ва Давлати Қатар баргузор шуд.
Бино ба иттилоъи маркази вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аснодро дабири кулли СҲШ Чжан Минг, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии мисри Араб Ҳамдӣ Санад Лоза ва вазири давлатии корҳои хориҷии Қатар Султон бин Саад имзо карданд. Дар он аз Ӯзбекистон ҷонишини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Фурқат Сиддиқов низ иштирок кард.
Меморандумҳо аз рӯзи имзо шуданашон эътибор пайдо мекунанд. Кор оид ба имзои меморандумҳо аз ҷониби Ӯзбекистон дар чаҳорчӯбаи раёсати СҲШ ва ба хотири иҷрои қарорҳои дахлдори Шӯрои сарони давлатҳои ин созмон ташкил шудааст.