Дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон филми «Муаллим»-и истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саидов дар Берлин намоиш дода шуд.
Чорабинии фарҳангӣ дар ҳамкории муштарак бо Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон таҳти унвони «13-Уфуқҳо. Таърихҳо ва паёмҳо аз Аврупо то Осиёи Марказӣ» танзим гардида, ба он намояндагони мақомоти расмӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ ва ҳаммеҳанони бурунмарзӣ даъват шуданд.