
Дирӯз дар маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар баробари адибони донишманд, рӯзноманигор ва муҳаққиқи машҳури эронӣ Алии Деҳбошӣ ба унвони узви ифтихорӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Дар ин бора Толиби Луқмон, узви Раёсати ИНТ иттилоъ дод.
Алии Деҳбошӣ, нависанда, адиб ва сардабири маҷаллаи «Бухоро» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва яке аз мубаллиғони фарҳанги тоҷикист. Бо ташаббус ва ибтикори ӯ китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаслномаи “Самарқанд” ва чандин китобҳои адибони тоҷик, ҳам тариқи маҷаллаи “Бухоро” ва ҳам дар шакли маҷмӯа, дар шаҳри Теҳрон пайваста чоп мешаванд.