
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ конфронси илмӣ — амалӣ таҳти унвони «Душанбе — шаҳри имкониятҳои рушди сайёҳии устувор» доир гардид. Дар ин бора Мирсаид Сатториён ва Даврон Аҳмадзода, мухбирони радиои «Овози тоҷик», ки он ҷо ширкат доранд, иттилоъ доданд.
Қабл аз оғзози чорабинӣ Намоишгоҳи сатҳи баланд барои иштирокдорон доир шуд, ки дар он имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, махсусан шаҳри Душанбе, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва имкониятҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат муаррифӣ шуданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони вазорату идораҳо, сафирони фавқулодда ва мухтор, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, намояндагии созмонҳои байналмилалӣ ва сайёҳони хориҷии Тоҷикистон иштирок доранд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода оғоз намуда, доир ба саҳми Пешвои миллат ҷиҳати рушди имкониятҳои сайёҳии пойтахт, Душанбе ҳамчун бародаршаҳр ва пойтахти фарҳангии чандин созмонҳои байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамоишҳои байналмилалӣ дар ин диёри зебо сухан гуфт. Сипас, иштирокдорон роҷеъ ба таассуроташон аз тамошои Тоҷикистон, дурнамои ҳамкории кишварҳо дар самти сайёҳӣ ва дигар паҳлӯҳои соҳа ибрози назар карданд.