Хонандаи тоҷик — Шаҳром Аминов аз филиали Муассисаи таълимии хусусии тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Ҳисор дар Олимпиадаи умумиҷаҳонии «IOI 2022» аз фанни технологияи иттилоотӣ ҷойи сеюмро ба даст оварда, парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт.
Тавре Яҳё Авазов, мудири бахши иттилоотии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» ба радиои «Овози тоҷик» хабар дод, олимпиадаи мазкур аз 6 то 15 август дар Ҷумҳурии Индонезия доир шуда, дар он 357 хонанда аз 90 кишвари дунё ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар он 4 нафар хонандагони болаёқат муаррифӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки хонандагони тоҷик дар ин Олимпиадаи бонуфуз аз соли 2007 мунтазамона иштирок карда, чандин маротиба Парчами Тоҷкистонро боло карданд.