Теъдоди мухлисони фавтидаи футбол дар варзишгоҳи Индонезия то ба 174 нафар расид, хабар медиҳад хабаргузории Reuters.
Қаблан хабар расида буд, ки 127 нафар, аз ҷумла 2 афсари пулис фавтида, 180 мухлиси футбол ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин яке аз фоҷиаҳои даҳшатнокест, ки дар майдонҳои футбол рух додаанд.
Фоҷиа баъд аз бозӣ миёни дастаҳои “Арема” ва “Персебой”, ки дар варзишгоҳи Канҷурухон дар Маланг баргузор шуд, ба вуқуъ омадааст.
Бозӣ бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт. Пас аз садои ҳуштаки ниҳоӣ хадамоти амният футболбозони “Персебой”-ро аз майдон берун кард. Мухлисони мизбонон ба майдон баромаданд, миёни онҳо ва полис задухӯрд ба амал омад. Мухлисон ба сӯйи намояндагони хадамоти амният ашё партофтанд, онҳо бо калтакҳо ва норинҷакҳои дорои гази ашковар ҷавоб гардонданд.
Ин ҳодиса дар минбар ва майдон воҳима ба амал оварда, мухлисон ба гурехтан сар карданд, ки он сабаби танба гардид. Бисёре аз мухлисон афтода, зери пои тӯда монданд. Аз сабаби истифодаи гази ашковар аз ҷониби полис нафаскашии шумораи зиёди тамошобинон мушкил шуд.
Президенти Индонезия Ҷоко Видодо дастур додааст, ки то анҷоми тафтишот ҳамаи бозиҳои футбол дар мамлакат лағв карда шаванд.
Ассотсиатсияи футболи Индонезия (PSSI) низ гуфтааст, ки тафтиши худро оғоз карда ва афзудааст, ки ин ҳодиса «чеҳраи футболи Индонезияро доғдор намуд».