3 октябри соли 2022 баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ворид шудан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ машғулиятҳои онлайнӣ бо иштироки профессори Донишгоҳи Бредаи Нидерландия Тео Ван Де Лаар бо донишҷӯёни риштаи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шурӯъ гардиданд.
Ҳадаф аз ташкили машғулиятҳои онлайнӣ дар Донишгоҳ ва филиалҳои он бархурдор гардидан аз таҷрибаи пешқадами таҳсилоти риштаи сайёҳӣ дар хориҷи мамлакат мебошад.
Баргузории чунин намуди машғулиятҳо бо олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи мамлакат аз ҷониби раёсати Донишгоҳ минбаъд низ ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҷаноби Тео Ван Де Лаар профессори ифтихории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад