Вазири корҳои ҳориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд имрӯз пас аз мулоқот бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ВАО суҳбат намуд, — хабар дод Тоҷиддини Ризвон, мухбири радиои «Овози тоҷик»
Ба гуфтаи Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд, имрӯз равобити Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба таври афзоянда рушд мекунанд. Имсол ба барқарор шудани равобити дипломатӣ миёни ду кишвар 30 сол пур шуд.
«Имрӯз мушарраф гардидам, то дуруду саломи ходими Ҳарамайни Шарифайн ва Валиаҳдро ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамчунин салому шодбошии роҳбарияти олии кишварро ба мардуми Тоҷикистон ва 30 — солагии ҳамкориҳои ду кишвар бирасонам. Ба Ҷаноби Олӣ талошу ҳоҳиши ҷониби Саудӣ дар хусуси рушди ҳамкориҳо байни ду кишвари дӯст ва равнақи ҳамшарикии мавҷуд байни ду кишвар ва аз ҳама муҳим фурсатҳои ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодиву зербиноӣ байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор додем. Ҳамчунин, ба ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ ва назари эшон дар рушди ин ҳамшарикӣ гӯш додам. Дар ин дидор доир ба дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои мавҷуд байни ду кишвар гуфтугӯ сурат гирифт. Дар инҷо ба Ҷаноби Олӣ изҳори сипоси Шоҳигарии Арабистони Саудиро барои дастгирии ҷониби Тоҷикистон дар мавриди номзадии Арабистони Саудӣ доир ба мизбонии Экспо -2023 расонида, умед дорем, ки ин чорабинӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор гаштаву Тоҷикистон дар он иштирок мекунад»,-гуфт Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд.
Ёдовар мешавем, ки 2 октябр Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.