“Забони тоҷикиро дӯст бидорем” таҳти ин унвон диктанти саросарии забони тоҷикӣ дар шаҳри Қазони Тотористон баргузор гардид, иттилоъ додааст Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия.
Тибқи иттилои манбаъ, диктанти саросарии забони тоҷикӣ бо ташаббуси Ҷамъияти тоҷикони баргузор гардидааст. Барои навиштани диктант тамоми хоҳишмандон, сарфи назар аз синну сол, миллат ва сатҳи забондонии забони тоҷикӣ аз ҳамаи шаҳрҳои Русия иштирок намуданд.
Қайд карда шудааст, ки диктант бахшида ба рӯзи забони тоҷикӣ буда, бо мақсади баланд бардоштани саводнокӣ ва тарғиби забони модарӣ гузаронида шуд.
Манбаъ зикр кардааст, ки ин диктант ҳам ҳузурӣ ва ҳам бархат (онлайн) гузаронида шуд ва ин имконият дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аз дигар шаҳрҳои Русия, аз ҷумла Санкт-Петербург, Псков, Нижний Новгород ва дигар манотиқи Русия ширкат карданд.
Масъулини Сафорат гуфтаанд, ки ҳадафи аслии навиштани ин диктант қабл аз ҳама, эҳтиром ба забони модарӣ, поку беолоиш нигоҳ доштани ин мероси гаронбаҳои аҷдодон аст, зеро бо пешрафти илму техника ва рушди дунёи имрӯз аз тавонмандиву зарфиятҳои забони тоҷикӣ истифода кунем, то забони мо миёни дигар забонҳо аз байн наравад.
Навиштани ин диктант ҳам дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар қалби ҷавонону ҳамаи тоҷикони берунмарзӣ ва албатта тарғиби забони тоҷикӣ байни дигар халқҳои Русия мебошад, ки ин барои ошнойии бештари мардум бо забону адабиёт ва фарҳанги мо кӯмак хоҳад кард.
Қайд карда шудааст, ки ҳамчунин намояндагони дигар миллат, аз ҷумла як нафар донишҷӯйи русзабони риштаи шарқшиносии Донишгоҳи Қазон (КФУ) ва ҳамчунин донишҷӯйи африқоӣ аз Донишгоҳи сохтмон ва меъморӣ низ иштирок доштанд.
Таъкид шудааст, ки ин донишҷӯёни хориҷӣ ошиқи забони тоҷикӣ ва каломи ширини форсӣ ҳастанд ва бо алоқамандии зиёд забони тоҷикиро ёд мегиранд.