Душанбе бори аввал мизбони мусобиқаи «Grand Prix, 2023-2026» оид ба дзюдо мегардад. Мусобиқа бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо сурат гирифта, баргузории он соли оянда ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик гуфтушунид ва тасвиби шартнома ҷиҳати баргузории мусобиқа дар назар дошта шудааст. Аллакай корҳо барои баргузории ин мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо оғоз шудаанд.
Дзюдо яке аз намудҳои дӯстдоштании варзиш миёни мардуми тоҷик ба шумор рафта, ҳоло дар қаламрави кишвар дар марҳилаи нави инкишоф қарор дорад.