Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давраи нуҳ моҳи соли 2022 аз натиҷаҳои назарраси вилоят дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ хабар дод.
Ба зикри манбаъ, дар маҷмуъ дар қаламрави вилоят бо маблағи беш аз 1,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардида аст. Аз 1,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Ба вилоят аз 28 давлати хориҷи сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Русия, Чин ва Эрон рост меояд.
«Соҳаи кишоварзӣ чун солҳои қаблӣ соҳаи пешбарандаи вилоят маҳсуб ёфта, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар 9 моҳи соли 2022 ба 17,5 миллиард сомони расонида шуда, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 фоизро ташкил додааст»,-зикр шуд дар ҷаласаи мазкур.