Имрӯз ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Узбекистон бо роҳбарии раиси ин Иттифоқ Олимҷон Усаров ба шаҳри Душанбе омад. Меҳмононро роҳбарияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истиқбол гирифтанд, иттилоъ медиҳад раиси ИЖТ Зиннатулло Исмоилзода.
Зимни истиқболи меҳмонон зикр шуд, ки маҳз бо шарофати ташаббусҳои наҷиби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои ду давлат вориди марҳилаи нав гардиданд. Ин раванд аз рушди дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Узбекистон шаҳодат медиҳад.
«Боду ҳаво ва табиати зебои Тоҷикистон ба ман писанд омад. Дар аснои сафар маро табиати нотакрори дараи Варзоб, ки дар ҳақиқат боду ҳавои фораму обҳои тоза дорад ва ба рӯҳи инсон ҳаловат мебахшад, мафтун намуд. Ин макон бо фазои мусоид ва табиати сабзаш макони бениҳоят дилпазир аст»,- иброз дошт сармуҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» Шерпулот Вакилов.
Сафари ҳайати меҳмонон аз 12 то 16 октябр ҷараён гирифта, дар доираи он рӯзноманигорони Узбекистон инчунин аз шаҳрҳои Турсунзода, Норак, Панҷакент ва ноҳияи Данғара дидан менамоянд.
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, ҳайати журналистони узбек дар доираи ин сафар бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос гардида, дар толори Академияи ВАО бо ҳамкасбони худ вомехӯранд.
Дар рӯзи аввали сафар меҳмонон аз Кохи матбуот ва Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот анҷом доданд. Сипас онҳо ба Минтақаи озоди иқтисодии Суғд рафта, аз корхонаҳои нави саноатӣ дидан карданд.
Инчунин дар доираи сафар журналистони ду кишвар масоили табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва дурнамои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ хоҳанд кард. Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Душанбею Тунсунзода амалӣ мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои ду кишвар — Тоҷикистон ва Узбекистон марҳилаи сифатан нав касб намуданд. Аз ҷумла, 7 майи соли 2022 дар шаҳри Тошканд миёни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Узбекистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар асоси ин созишнома ҳар сол як маротиба ҳайатҳои эҷодӣ бояд ба кишвари ҳамдигар сафар намоянд.