Дар замони муосир дар самти ҳамкориҳои фарҳангӣ дастгирии истеъдодҳои ҷавон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Яке аз шаклҳои самарабахши ин дастгирӣ баргузории Бозиҳои Делфии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад, ки истеъдодҳои ҷавон ва шахсиятҳои шинохтаи фарҳанг ва санъат ба ҳайати ҳакамон ширкат меварзанд. Дар ин бора аp дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки ташкилкунандагони Бозиҳои Делфӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии бозиҳои Делфӣ буда, таҳти сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад.
Теъдоди умумии иштирокчиёни чорабинӣ зиёда аз 400 нафарро ташкил дода, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 160 нафар, Федератсияи Россия 117 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон 28 нафар, Ҷумҳурии Узбекистон 27 нафар, Ҷумҳурии Озорбойҷон 7 нафар, Ҷумҳурии Арманистон 7 нафар ва Ҷумҳурии Белорус 32 нафарро ташкил медиҳанд.
Ба ҳайати ҳакамон қариб 35 нафар ходимони шинохтаи санъату ҳунари ИДМ шомил мебошанд. Аз Федератсияи Россия 4 нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон 4 нафар, Ҷумҳурии Узбекистон 4 нафар, Ҷумҳурии Озорбойҷон 3 нафар, Ҷумҳурии Арманистон 3 нафар, Ҷумҳурии Белорус 4 нафар ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар фарҳангшиносон ва санъаткорони варзида дар ҳайати ҳакамон дар даҳ номина иштирок мекунанд. Мусиқишинос Фирӯз Улмасов дар номинаи фортепиано, Элена Парманқулова дар номинаи скрипка, Мизроб Холов дар номинаи санъати тасвирӣ, Содиқ Нуруллоев дар номинаи сарояндаи академӣ, Фурқат Саид дар номинаи сарояндаи халқӣ, Зафар Абдуаллимов дар номинаи сарояндагӣ, Зебо Аминзода дар номинаи рақси халқӣ ва дагарон ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ки фардо, 14 октябри соли равон воришшавии иштирокчиён ба ҷумҳурӣ оғоз гардида, бақайдгирии ҳайатҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ доир мегардад.
Баргузории чорабиниҳо аз 15 октябр шурӯъ мегардад.