Тавре ки иттилоъ додем, чанд лаҳза қабл дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфтугӯи сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон вобаста ба марз бо миёнаравии Росия пушти дарҳои баста оғоз шуд.
Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия ширкат доранд.
Баргузории нишасти ҷонибҳо бо ибтикори Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия, ки қаблан изҳор дошта буд, омода аст дар ҳалли масоили марзии Қирғизистону Тоҷикистон мусоидат кунад, баргузор шуда истодааст. Бинобар ин, иншасти мазкурро Владимир Путин ифтитоҳ намуда, аз шарикии стратегиаш бо ҳарду ҷониб ёдовар шуда, муомилоти тиҷоратии онҳоро таъкид кард.
Ӯ аз ҷумла зикр дошт, ки ин мулоқот барояш муҳим аст. Шакли пурраи суханронии ифтитоҳи Владимир Путин чунин аст:
“Муҳтарам Садир Нургоҷоевич! Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович! Мо кайҳо боз дар чунин ҳайат ҷамъ омаданӣ будем, зеро дар ин хусус ҷонибҳо розӣ шуданд. Дар ҳошияи чорабинии имрӯза, ниҳоят, чунин мулоқот ташкил карда шуд. Ман мехоҳам ба шумо ташаккур гӯям, ки ба сӯҳбат, аниқтараш вохӯрӣ дар ин қолаб розӣ шудед. Мо воқеан бо ҳам қаблан муоширати рӯ ба рӯ, ду ва се мекардем. Дар ин дидор навгонии зиёд вуҷуд надорад, аммо бо вуҷуди ин, ба назари ман, ин мулоқот барои ҷонибҳо муҳим аст.
Мехоҳам қайд намоям, ки ҳам ҷониби Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон аз иттифоқчиёни наздики мо ҳастанд. Мо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ хеле зич ҳамкорӣ мекунем ва албатта шарикони стратегӣ ҳастем. Мо дар як қатор соҳаҳо муносибатҳои бисёр наздик дорем. Муомилоти мол, миёни мо ва ҷонибҳо соли гузашта тақрибан 45 фоиз ва дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ 20 -30 фоиз афзуда, ҳаҷми он хеле калон аст. Ва албатта, мо ба он манфиатдорем, ки чунин шароит барои тараққиёти босуръат нигоҳ дошта шавад ё дар мавридҳои заруӣ аз нав ба вуҷуд оварда шавад. Ман аз ин мулоқотамон дар чунин қолаб хеле қаноатмандам. Бори дигар, ташакур”
Тавре ки қаблан иттилоъ додем, оёвари Владимир Путин Юрий Ушаков чанд лаҳза қабл бо тасдиқи оғози ин гуфтугу дар саҳифаи фейсбукаш навишт, ки «мо ба вуҷуд омадани ҳар гуна ихтилофот миёни ҳампаймонони СААД басо самарабахш мешуморем ва мо бовар дорем, ки ҳар гуна низоъо бадхоҳон метавонанд барои боз ҳам ноором кардани вазъ дар минтақа истифода баранд», — навиштааст Ушаков.