
Чанд лаҳза қабл дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гуфтугӯи сарони кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон вобаста ба марз бо миёнаравии Росия пушти дарҳои баста оғоз шуд. Дар ин бора котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Эрбол Султонбоев бо нашри як акс дар саҳифаи Фейсбукаш ин хабар дод.
Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия ширкат доранд.
Ба зикри расонаҳои русӣ, баргузории нишасти ҷонибҳо бо ибтикори Владимир Путин, Президенти Федератсияи Россия, ки қаблан изҳор дошта буд, омода аст дар ҳалли масоили марзии Қирғизистону Тоҷикистон мусоидат кунад, баргузор шуда истодааст.
«Дар назар аст, ки давоми нишаст мушкилоти мавҷуда дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ шавад. Ҷаласаи муштарак бо ибтикори раҳбари Русия Владимир Путин баргузор шуда истодааст, ки омодагии худро барои мусоидат дар ҳалли масъалаҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон изҳор дошт», — навиштааст Султонбоев дар Фейсбук.
Оғози мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳоро ёвари Владимир Путин Юрий Ушаков низ тасдиқ кард. Ба навиштаи вай, низоъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон метавонад аз сӯи бадхоҳон барои ноором кардани вазъ дар минтақа истифода шавад. «Мо ба вуҷуд омадани ҳар гуна ихтилофот миёни ҳампаймонони СААД басо самарабахш мешуморем ва мо бовар дорем, ки ҳар гуна низоъо бадхоҳон метавонанд барои боз ҳам ноором кардани вазъ дар минтақа истифода баранд», — навиштааст Ушаков.