
Тавре ки қаблан иттилоъ додем, дирӯз ҳайати дувоздаҳнафараи Иттифоқи журналистони Узбекистон бо роҳбарии раиси он Олимҷон Усаров ба шаҳри Душанбе омаданд.
Дар рӯзи аввали сафар меҳмонон аз “Кохи матбуот” ва Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд боздид намуда, бо ҳампешагони худ мулоқот анҷом доданд. Сипас онҳо ба Минтақаи озоди иқтисодии Суғд рафта, аз корхонаҳои нави саноатӣ дидан карданд.
Инчунин, дар доираи сафар журналистони ду кишвар масоили табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандони ВАО ва дурнамои ҳамкории минбаъдаро баррасӣ хоҳанд кард. Сафари ҳайати Иттифоқи журналистони Узбекистон бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳрҳои Душанбею Турсунзода амалӣ мешавад.
Баъди ин, ҳайат озими шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Меҳмононро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешвоз гирифтанд.
Зимни истиқболи меҳмонон зикр шуд, ки маҳз бо шарофати ташаббусҳои наҷиби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои ду давлат вориди марҳилаи нав гардиданд. Ин раванд аз рушди дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Узбекистон шаҳодат медиҳад.
«Боду ҳаво ва табиати зебои Тоҷикистон ба ман писанд омад. Дар аснои сафар маро табиати нотакрори дараи Варзоб, ки дар ҳақиқат боду ҳавои фораму обҳои тоза дорад ва ба рӯҳи инсон ҳаловат мебахшад, мафтун намуд. Ин макон бо фазои мусоид ва табиати сабзаш макони бениҳоят дилпазир аст», — иброз дошт Шерпулот Вакилов, сармуҳаррири рӯзномаи тоҷикии «Овози тоҷик».
Сафари ҳайати меҳмонон аз 12 то 16 октябр ҷараён гирифта, дар доираи он рӯзноманигорони Узбекистон дирӯз ба шаҳри ТИурсунзода рафтанд. Дар он ҷо онҳоро дар саҳни ҶСК «Ширкати Алюминийи тоҷик» намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, роҳбарияти корхона ва аҳли фарҳанг пешвоз гирифтанд.
Ҳайати Иттифоқи эҷодии журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни ташрифашон аз осорхонаи ҶСК Ширкати Алюмини тоҷик, ҶДММ «Алюминпроф» ва аз майдонҳои ангурзори хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода дидан карданд.
Сипас, ҳайат ба хоҷагии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Ба зикри Баҳодури Убайдулло (Раҳмонов) шоир, нависанда, рӯзноманигор, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд», боғи мазкур дар қаламрави Узбекистон низ маъруф буда, онҳо дер боз орзуи дидани ин макон ва суҳбат бо ангурпарвари маъруфи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Неъмат Усмоновро доштанд.
Ҳайати мазкур имрӯз дар толори Муассисаи давлатии “Академияи ВАО-и Тоҷикистон” бо ҳампешагони худ вохӯрӣ анҷом доданд. Дар оғози мулоқот директори “Академияи ВАО”-и кишвар Саъдӣ Исматзода суханронӣ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистон, бахусус ба Душанбешаҳри нозанин хайрмақдам гуфт. Номбурда иброз дошт, ки бо шарофати ташаббусҳои наҷиби роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Узбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои ду давлат ба марҳилаи нав баромаданд. Ин раванд аз рушди дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар шаҳодат медиҳад.
Сипас, Раиси Иттифоқи журналистони Узбекистон Олимҷон Усаров баромад намуда, иброз дошт, ки мо аз бисёр ҷойҳои Тоҷикистон дидан кардем ва кишварро хеле зебо ва дар ҳоли гулгулшукуфоӣ дарёфтем. Асосан, боду ҳаво ва табиати зебои он ба мо писанд омад. “Мо бо паёми дӯстӣ омадем ва онро бо худ мебарем”,- гуфт Олимҷон Усаров.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таъсис додани рӯзномаи муштарак ба мувофиқа расида, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози тоҷик” гуфт, ки нашри рӯзномаи мазкур моҳи ноябр ба нақша гирифта шудааст.
Дар идомаи ин сафар рӯзноманигорони Узбекистон аз шаҳрҳои Турсунзода, Норак, Панҷакент ва ноҳияи Данғара дидан менамоянд.