
Рӯзи 14-уми октябри соли равон дар толори бинои марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори ректори ДМТ профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва садорати факултети филологияи тоҷик маҳфили адабиву фарҳангии шукуҳманде бо номи «Шукуҳи «Шоҳнома» ва азамати Фирдавсӣ» баргузор гардид. Дар ин бора Бахтиёр Қутбиддин, декани факултети журналистикаи ДМТ иттилоъ дод.
Суханронии ректор Қобилҷон Хушвахтзода бо қироати абёти пурмазмуни ватандӯстона тараннумгари дӯстии Тоҷикистону Эрон буд. Абёти мутантани қироатгардида аз осудагиву рафоқат ва дӯстиву бунёдкории аҳли башар ҳикояту даъват мекард.
Дар маҳфил Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақии Собирӣ ва дигар аҳли фарҳангу адаби Эрон ширкат намуданд. Сафир халқи тоҷикро бародар ва хешованди куҳан ва наздики халқи Эрон гуфт. Хушнудиву қаноатмандии сафир буд, ки дӯстиву равобити ду халқи ҳамнажод тавсеа ёфта истодааст.
Дар маҳфил адабиётшиносон Сироҷиддини Эмомалӣ, Бадриддин Мақсудов, Мисбоҳиддини Назриқул, Ҳафиз Раҳмон ва шоир Муҳаммад Ғоиб иштироку суханронӣ карданд.