“Насими дӯстӣ” – таҳти ин унвон дар Узбекистон консерти муштарак доир гардид. Чорабинии фарҳангӣ ба муносибати 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахшида шуда, ташаббускорони он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мебошанд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон хабар медиҳад, дар чорабинӣ ходимони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, донишҷӯён, ҳамватанони муқими Ӯзбекистон ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат карданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ба ифтиттоҳи консертҳо ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, бо ташаббуси ду роҳбарони ду давлат робитаҳои дуҷонибаи кишварҳо дар ҳама самту соҳаҳо рӯз то рӯз рушд карда истодаанд.
Раиси Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон Рустам Абдуллаев ва Раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мусозода суханронӣ намуда, аз ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати ташкил кардани консертҳо бо иштироки композиторони машҳури ду кишвар сипосгузорӣ намуданд.
Дар барномаи фарҳангӣ асарҳои композиторон ва бастакорони машҳури ду кишвар, аз ҷумла Қудратулло Яҳёзода “Меҳри дил”, Амирбек Мусозода “Муқаддима”, Зиёдулло Шаҳидӣ “Пойтахти ман”, Шарофиддин Сайфиддинов “Республикаи ман”, Фазлиддин Шаҳобов “Интизорӣ”, Рустам Абдуллоев “Соғинч”, Фируз Баҳор “Ишқи ман” Абдураҳмон Тошматов “Экспромт” ва дигарон садо доданд.
Чорабинӣ ба худ таваҷҷӯҳи зиёдро ҷалб намуд ва аз ҷониби иштирокдорон мусбат арзёбӣ гардид.
Боиси қайд аст, ки дар ҳошияи сафари кории ҳайати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси иттифоқ Амирбек Мусозода ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои композиторони Тоҷикистону Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи композиторони ду кишвар, ҳамзамон Созишномаи ҳамкори миёни Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Донишкадаи миллии санъати мусиқии Ӯзбекистон ба номи Юнус Раҷабӣ ба имзо расид.
Дар ҷараёни сафар меҳмонон аз китобхона, синфхонаҳо ва дигар имкониятҳои Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон ва Донишкадаи миллии санъати мусиқии ба номи Юнус Раҷабӣ дидан намуданд.