Дар муассисаҳо омодагиҳо ба қабули иштирокчиёни 16-умин Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, тамринҳо вобаста ба номинаҳо идома доранд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, омодагиҳо ба чорабинии мазкур субҳи имрӯз дар меҳмонхонаи Серена аз руйи номинаи сурудҳои эстрадӣ баргузор шуд. Дар он иштирокчиёни синну соли 14-25 сола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Руссия, ҷумҳуриҳои Беларус, Қазоқистон, Узбекистон тариқи қурапартоӣ ширкат доштанд.
Дар ин номинатсия 21 нафар иштирокчиён аз ҷавонони кишварҳои узви ИДМ ширкат менамоянд.
Маврид ба ёдоварист, ки маросими бошукӯҳи кушодашавии 16-умин Бозиҳои байналмилалии Делфии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе рӯзи 15 октябри соли ҷорӣ, соати 19.00, дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.