Паҳлавони маъруфи тоҷик Муин Ғафуров (Муин Тоҷик) баъди ним соли дур будан аз саҳна ба далели ошкор шудани допинг дар баданаш ба майдони муҳорибаҳо баромад ва ба рақибаш пирӯз шуд. Дар ин бора Тоҷиддини Ризвон, мухбири радиои «Овози тоҷик» дар такя ба расонаҳои варзишӣ иттилоъ дод.
Ба зикри мухбир, Муин пас аз ин пирӯзӣ изҳор дошт, ки ғалабаашро ба хотири 70 -солагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим мекунад.
Ӯ ҳарифашро бо нокаути техникӣ мағлуб кард. Ҳарифи ӯ Диего Силваи бразилӣ буд, ки аз дасти размикори тоҷик тариқи нокаути техникӣ шикаст хӯрд. Муҳорибаи Ғафуров ва Силва қувваозмоии асосии мусобиқаи LFA 144 буд ва дар шаҳри Су-Фоллси Амрико дар Дакотаи Ҷанубӣ баргузор шуд. Ин ду размикор дар вазни сабуки 61,2 кг қувваозмоӣ карданд.