
Аз 21 то 26-уми октябр дар Ҷумҳурии Австрия Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он ҳунармандон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат мекунанд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Хуршед Сатторов, тарроҳи тоҷик, иттилоъ медиҳад.
Хуршед Сатторов, тарроҳи шинохтаи тоҷик, ки яке аз иштирокчиёни ин ҷашнвора аст, ҳоло колексияи либосҳои худро таҳия дорад, то онҳоро дар шаҳри Вена ба намоиш гузорад. Ин коллексия иборат аз пироҳанҳо аз матои атласу адрас ва чакану гулдӯзиву сӯзанӣ мебошад.
Хуршед Сатторов ният дорад аз таркиби коллексияи худ ду намоиш — яке намоиши либосҳои чакану атлас ва дигаре намоиши либосҳои содатарро, ки барои истифодаи ҳамарӯза аст, баргузор кунад.
Ёдовар мешавем, ки ҷашнвораи Рӯзҳои фарҳангии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Вена — пойтахти Австрия ҳамасола баргузор мешавад. Имсол масъулони ин ҷашнвора Тоҷикистонро интихоб кардаанд, зеро соле қабл як гурӯҳи корӣ аз Вена ба Тоҷикистон омада, бо санъати тарроҳону ҳунармандони тоҷик ошно шуданд ва акнун дар ҷашнвораи мазкур бояд овозхонҳои мардумӣ ва қаннодону косибон низ ҳунари худро ба намоиш гузоранд.