
Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” имрӯз, 17 октябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари дабири кулли СММ оид ба волоияти қонун дар Департаменти амалиёти посдори сулҳи Котибот Александр Зуев мулоқот намуд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону СММ баррасӣ шуд.
Дар доираи суҳбат, ҷонибҳо асосан ба тавсеаи амалиётҳои посдори сулҳ ва нақши Тоҷикистон дар таъмини ҳайати он, безараргардонии башардӯстонаи минаҳо ва дигар мавзӯҳои мубрам таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси зиддитеррористии Душанбе 18-19 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он иштироки коршиносон, намояндагони зиёда аз 50 кишвари олам дар назар аст.
Ҳадафи баргузории ин чорабинии сатҳи баланд пешгири аз ҳаракати террористҳо, мудирияти муассири сарҳадот, иқдоми зиддитеррористӣ ва пешбурди ҳамкорӣ мебошад.