Ба ҳолати 1- уми июли 2026 теъдоди умумии нафақагирон дар кишвар 876 990 нафарро ташкил медиҳад ва аз ин шумора 170 757 нафақагирони маъюб мебошанд. Ин иттилоъро зимни нишасти матбуотӣ Абдураҳмон Ҳалимзод директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа манзур намуд.
Агентӣ бо мақсади рақамикунонии соҳа ҳамкориро бо шарикони рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Созмони байналмилалии меҳнат ба роҳ мондааст. Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» — и Бонки ҷаҳонӣ низоми нави бақайдгирӣ таҳия шуда, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ба таври таҷрибавӣ ба роҳ монда шудааст.
Шарифиён Абдурофеъ, Овози тоҷик



