
Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар умури Афғонистон Томас Николсон аз бӯҳрони башарӣ дар Афғонистон ва наздик шудани мавсими зимистон ҳушдор дод ва гуфт, танҳо 45 дарсади кумакҳои лозим ба мардуми Афғонистон ирсол шудаанд. Дар ин бора хабаргузории “Тасним” иттилоъ медиҳад.
Николсон аз Чин, Русия ва Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ хостааст, кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро афзоиш диҳанд.
Вай даъво кардааст, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Афғонистон бад мешавад ва аз ҳукумати “Толибон”* даъват кардааст, ки ба афзоиши шумораи ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон хотима диҳанд.
Николсон гуфтааст, ҳукумати феълӣ муваззаф аст, ки тамоми мардуми кишварро ҳимоя кунад, масъулони ҳамлаҳоро дар додгоҳ ба ҷавобгарӣ кашад ва ҳамчунин аз истифодаи қаламрави Афғонистон барои таҳдид ба кишварҳои дигар ҷилавгирӣ кунад.
«Ман аз “Толибон”* даъват мекунам, шароите ба вуҷуд оранд, ки ба ҳар як афғон — марду зан имкони баробар диҳанд, ки дар бораи низоми сиёсии кишвар назари худро баён кунанд”, — гуфтааст ин намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо.
Ба таъкиди ӯ, Иттиҳоди Аврупо ҷонибдори ҳамкорӣ бо ниҳоди ҳокими Афғонистон аст ва бар асоси эътироф накардани “Толибон”*-у меъёрҳои худ ҳамкориро беҳтар аз қатъи муколама бо ҳукумати феълии ин кишвар медонад.
Николсон бо баёни он, ки Иттиҳоди Аврупо ҷонибдори дар миқёси байналмилалӣ нигоҳ доштани Афғонистон аст, ба ҳукумати “Толибон”* хотиррасон кард, ки вақт кӯтоҳ аст ва бояд амал кард. “Садоқат ба манфиатҳои мардуми Афғонистон бояд дар меҳвар бошад”,-гуфт вай.
*»Толибон» созмони мамнуъ дар қаламрави Тоҷикистон аст.