Мақоми роҳбарӣ дар созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тағйири ном кард. Қарор дар ин бораро сарони кишварҳои узви созмон қабул кардаанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ иттилоъ доданд.
Тибқи ин тағйирот минбаъд вазифаи Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил унвони Дабири кулли ИДМ-ро гирифт.
Ин тағйиротро Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко зимни нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ дирӯз дар Остона хабар дода, шӯхиомез аз ҳамтои қазоқаш Қосим-Ҷомарт Тоқаев суол кард, ки чаро дар бораи Дабири кул ном гирифтани мақоми роҳбарӣ дар ИДМ хабар надод. Тоқаев дар посух гуфт, минбаъд Сергей Лебедев на Котиби иҷроия, балки Дабири кулли ИДМ мебошад.
Дар ин нишаст Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин пешниҳод кард, ки Сергей Лебедев ба мақоми Дабири кулли ИДМ таъин карда шавад. Қарори таъини дигарбораи Лебедевро сарони кишварҳои узв ҷонибдорӣ намуданд.
Дар нишаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Сарвазири ҶумҳурииАрманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жаппаров, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Сергей Лебедеви 74-сола, собиқ сардори Хадамоти истихбороти хориҷии Русия, моҳи октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе ба мақоми Котиби иҷроияи ИДМ таъин шуда буд.