Дар тарабхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ – амалии офталмологҳо баргузор шуд, ки дар он 70 нафар пизишкони чашм аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, меҳмонон аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Ин конфронс бо дастгирӣ ва ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Раёсати тандурустии вилояти Суғд доир шуд. Дар конфронси мазкур меҳмонон ва пизишкон аз Маркази “Микроҷарроҳии чашм”-и вилояти Суғд, Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои вилоят, муассисаҳои хусусӣ бо маърӯзаҳои худ баромад карда, масъалаҳои асосии мубрами соҳаи чашм, навигариҳо оид ба табобат, воридсозии таҷҳизоти нави соҳа, ҷарроҳиро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Маврид ба зикр аст, ки табобати бемориҳои чашм оиди гирифтани чашмпарда бо ёрии ултрасадо, оризаҳои диабети қанд, наздикбинии дараҷаи баланд ва фишорбаландӣ бо ёрии ҷарроҳии лазерӣ ва ислоҳ кардани наздикбинӣ ва дурбинӣ, астегматизм ба роҳ монда шудааст. Ҳоло бошад, ҷарроҳиҳои витроретиналӣ, кӯчиши шабакия дар вилояти Суғд бо ёрии мутахассисони хориҷӣ ва ватанӣ гузаронида мешавад.