“Теъдоди аъзои гурӯҳҳои ифротгарое, ки дар Афғонистон фаъолият мекунанд, беш аз 13,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд”. Дар ин бора дирӯз, Директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Руслан Мирзоев зимни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, бидуни ҷангҷӯёни «Давлати исломӣ» ин қадар террористон вуҷуд доранд, ки теъдоди дақиқи онҳоро донистан ғайриимкон аст. Ягона роҳи рафъи хатари ин радикалҳо муборизаи дастаҷамъона ва пешгирӣ кардан аст.
«Муборизаи шадид бо терроризм мисли алафдаравӣ аст — чӣ қадаре ки шумо бештар даравед, ҳамон қадар ғафс мешавад», — таъкид кард ӯ. Аз ин рӯ, ҷилавгирӣ аз ҷалби аъзои нав ва таъсиси як маркази равоншиносии мубориза бо ифротгароӣ муҳим аст, — шарҳ дод Руслан Мирзоев.
Вай зикр кард, ки созмонҳои байналмилалии террористӣ имкони дубора муттаҳид шудан ва анҷом додани ҳамлаҳои пурсарусадои террористиро ҷустуҷӯ доранд.
«Дар соли 2021 дар қаламрави кишварҳои узви СҲШ 1500 нафари дарҷустуҷӯбуда боздошт шуда, беш аз 40 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ карда шуд. Терроризм беш аз пеш хислатҳои фаъолияти ҷиноии сиёсиро касб карда истодааст», — хулоса кард Руслан Мирзоев, Директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай.