
Санаи 21 октябри соли 2022 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мулоқоти муовини якуми раиси Кумита муҳтарам Хуршед Мирзо бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Муҳаммад Заҳангир Олам баргузор гардид.
Дар мулоқот имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ ва дастгирии сармоягузорӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” ва доир ба дигар соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории мамлакат ва имтиёзҳо барои сармоягузорон иттилоъ дода шуд.
Мувофиқа ҳосил гардид, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда ҷонибҳо кушиш ба харҷ дода, доир ба масъалаи Созишномаи дуҷониба “Оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш корбарӣ карда мешавад.
Дар маҷмуъ, мулоқоти мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо масъалаҳои дарёфти самтҳои ҳамкории соҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.