Борис Ҷонсон дастгирии 100 депутатро, ки барои иштирок дар интихобот зарур буд, ба даст овард. Дар ин бора хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додаанд.
Чанд рӯз қабл, Лиз Трасс, Сарвазири Британияи Кабир истеъфо дод. Вай эълон кард, ки аллакай ба шоҳ Чарлз III дар бораи истеъфоаш хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ба наздикӣ ҳизби «Муҳофизакор» интихоботи нави нафареро, ки ба ҳукумат сарварӣ мекунад, баргузор хоҳад кард. «Ман дар як давраи ноустувории бузурги иқтисодӣ ва байналмилалӣ ба ин мақом омадам. Оилаҳо ва ширкатҳо дар ташвиш буданд, ки чӣ гуна ҳисобҳои худро пардохт кунанд», — гуфта буд Лиз Трасс, ҳамчун далели истеъфои худ.
Вай дар идома ҳадафашро аз омадан ба ин мақом чунин шарҳ додааст: «Ман аз ҷониби Ҳизби «Муҳофизакор» бо мақсади тағйир додани вазъи бади кишвар интихоб шудам. Мо дар бораи пардохтҳои энергетикӣ пешниҳодҳо додему пардохти суғуртаи миллиро коҳиш додем. Мо дидгоҳи худро дар бораи иқтисоди кам-андоз ва босуръат рушдёбанда муайян кардем, ки аз имтиёзҳо истифода хоҳад кард. Аммо, эътироф мекунам, ки бо назардошти вазъият ман рисолатеро, ки аз ҷониби ҳизби «Муҳофизакор» бар уҳдаам гузошта шудааст, иҷро карда наметавонам», — гуфтааст ӯ.
Сарвазир қаблан барои ташаббусҳои худ дар соҳаи андоз мавриди интиқодҳои шадид қарор гирифта буд. Барояш пешниҳод карданд, ки бояд вазири молияашро иваз кунад ва нақшаҳои эълоншудаи буҷаи худро лағв намояд. Маъруфияти «Муҳофизакор»-он дар ҳафтаҳои охир баъди интихоби Трасс ба ин симмат дар Бритониё ба сатҳи рекордӣ поин рафт. Ӯ ҳамагӣ панҷ ҳафта пеш роҳбари ҳизби «Муҳофизакор» ва Сарвазир интихоб шуд.
Баъди ин тасмим Шӯрои олии ҳизб эълон кардааст, ки Трасс то интихоб шудани сарвазири нав дар вазифаи худ мемонад. Аммо, роҳбари ҳизби мухолифи лейбористӣ Сайрус Стармер ин эълонро «аблаҳона» хонда, фавран интихоботи умумиро талаб кард. Ба ин талаб роҳбарони ҳизбҳои либералӣ-демократӣ ва миллии Шотландия низ ҳамроҳ шуданд. Лиз Трасс дар посух ба ин вокунишҳо гуфт, «Муҳофизакор»-он дар давоми як ҳафта раҳбари нави худро интихоб хоҳанд кард.
Қаблан, Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон рӯзи 7-уми июни имсол дар як суханронии кӯтоҳаш истеъфои худро аз мақоми нахуствазир эълон карда буд. Ҷонсон изҳор дошт, ки аз тарки беҳтарин кор дар ҷаҳон ғамгин аст.
Акнун ӯ дигарбора муддаии ин мақом шудааст.