Зодагони шаҳри Душанбе падару писар Николай ва Константин Кряколовҳо, ки хеле сол пеш тарки Тоҷикистон карданд ва ҳоло дар Булғористон умр ба сар мебаранд, то ҳол шаҳри дӯстдоштаашон Душанберо фаромӯш накардаанд.
Онҳо таронаеро бо номи “Любимый Душанбе” (“Душанбеи маҳбуб”) таҳия ва нашр карданд. Матну оҳанги ин таронаро Николай Кряколов навишта ва худаш онро сароидааст. Аранжировка ё бастакории таронаро бошад, писари низ ҳунарманди ӯ Константин Кряколов анҷом додааст.
Оҳанги ин тарона дар сабки хеле шабеҳи оҳангҳои эстрадаи тоҷикии даврони Шӯравӣ эҷод шуда, Николай Кряколов дар таронаи “Любимый Душанбе” аз ҷумла чунин сатрҳо дорад:
Кто хоть раз бывал в Душанбе,
Тот опять вернется сюда.
До чего ж красив Душанбе,
Он в цветах цветет всегда.
А поедешь в Душанбе,
Не забудь сказать обо мне…
(Ҳар касе ки як бор Душанбе биравад,
Боз ҳатман ба инҷо бар хоҳад гашт.
Душанбе чӣ қадар зебост,
Он ҳамеша ғарқи гулҳои шукуфост.
Агар рафту ба Душанбе биравӣ,
Аз номи ман ҳам саломаш бирасон…)
Дар клипи таронаи “Любимый Душанбе” сабтҳои зиёди фаввораҳои пойтахти Тоҷикистон истифода шудааст. Душанберо пеш “шаҳри фаввораҳо” низ ном мебурданд. Вале корбарон баъди тамошои тарона ин нуктаро ҳам зикр кардаанд, ки бисёре аз ин фаввораҳоро алакай аз байн бурдаанд.