Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Директори иҷроияи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Осиёи Марказӣ хонум Жужанна Харгитай ва Директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон хонум Айтен Рустамова мулоқот намуд. Дар ин бора Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар аснои вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои обтаъминкунӣ ва корезӣ, нақлиёт ва энергетика, инчунин дигар масъалаҳои мавриди назар мубодилаи афкори судманд намуданд.