Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо намояндагони Бонки осиёгии Рушд оид ба таҳқиқот ҷиҳати асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодии маркази савдо ва логистӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар доираи ташаббуси долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд сурат мегирад, мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода нахуст дар бораи шаҳри бостонии Хуҷанд ва имконоти тиҷорӣ, саноатӣ ва сайёҳии он иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Хуҷанд яке аз шаҳрҳои ободтарин ва зеботарини Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад. Хуҷанд дар чорроҳаи Шоҳроҳи Абрешим ҷойгир буда, як қатор шаҳрҳои Осиё ва Аврупоро бо ҳам мепайвандад. Дар шаҳри Хуҷанд беш аз 170 корхонааҳои саноатӣ фаъол буда, зиёда аз 8000 соҳибкорон ба тиҷорат машғуланд. Бо 45 кишварҳои ҷаҳон ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, ҳамасола ба як қатор кишварҳои минтақа ва Аврупо молҳои содиротӣ ба маблағи беш аз 300 миллион доллари амрикоӣ роҳ монда шудааст.
Фирдавс Шарифзода афзуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳавасманди таҳкими робитаҳо бо тамоми сохторҳои Бонки осиёгии Рушд буда, бахусус роҷеъ ба ташаббуси долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд ҷиҳати ташкили маркази савдо ва логистӣ дар шаҳри Хуҷанд 3 мавзеъ: Минтақаи озоди иқтисодии Суғд, КВД “Садаф” ва ҶШП “АББАТ”-ро пешниҳод менамояд, ки имконоти фарохи инфрасохторӣ ва истеҳсолиро дорост.
Ки Кхонг, роҳбари ҳайати Бонки осиёгии Рушд оид ба таҳқиқот ҷиҳати асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодии маркази савдо ва логистӣ дар шаҳри Хуҷанд дар доираи ташаббуси долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд сурат мегирад, ҳадафи ташрифашонро шарҳ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар навбати аввал гуруҳи корӣ асосноккунии техникиро меомўзад ва пешниҳодоти хешро дар қадами минбаъда манзур менамояд. Дар нақшаи кории ҳайат боздид аз 3 минтақаи пешниҳодшуда ва омўзиши имкониятҳои мавҷуда мебошад. Дар доираи ташкили маркази савдо ва логистӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар чаҳорчўбаи ташаббуси долони иқтисодии Чимкент-Тошканд-Хуҷанд сурат мегирад, сармоягузории мустақим, рушди сайёҳӣ дар минтақа ва дигар иқдомот низ ба роҳ монда мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот масоили дигари марбут ба барномаи сафари меҳмонон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.