Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳодияи футболи Русия барои баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора ТВ Варзиш хабар медиҳад.
Вохӯрии дастаҳои Тоҷикистону Русия рӯзи 17-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки он метавонад 20 ҳазор тамошобинро ҷамъ оварад. Бозӣ соати 20:00 оғоз мешавад.
Қаблан Тоҷикистону Русия дар сатҳи тимҳои миллӣ ҳеҷ гоҳ вонахӯрда буданд.
Ёдовар мешавем, ки дар раддабандии ФИФА мунтахаби Русия дар зинаи 33-юм ва тими миллии Тоҷикистон бошад, дар мавқеи 108-ум ҷой гирифтаанд.