Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДОТ ба номи Садридди Айнӣ Худойдодзода Фаррух бо ректори Донишгоҳи давлатии лингвистии Минск Лаптева Наталья Евгеньевна мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот намояндагони ҳарду донишгоҳ масъалаҳои марбут ба коромўзӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос барои ҷонибҳои мутақобилро баррасӣ намуданд. Дар ин бора ДДОТ ба номи Садриддини Айнӣ хабар дод.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба масъалаи табодули донишҷўёну омўзгорон ибрози назар намуданд.
Зимни ташрифоти хеш ба Донишгоҳи давлатии лингвистии Минск бо донишҷўёни курси 5-уми ихтисоси ҳамгироии байнифарҳангӣ дар мавзўи «Фарҳанги мардуми тоҷик» дарси кушод барпо намуд.
Марбут ба мавзӯи дарс суолу посухҳои зиёд ва ҷолиб радду бадал шуданд. Дар ин маврид таваҷҷуҳи онҳоро нисбат ба кишвари мо — Тоҷикистон афзун намуд.