Бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе мизи мудаввар доир шуд.
Тавре ки хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Мутабар Носирова хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур занони соҳибкор, намояндагони асотсиатсияи соҳибкорӣ, намояндагони бонкҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагон аз вазорати идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки саҳми занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ҳамеша аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбад. Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасии занону духтарон ба касбу ҳунаромӯзӣ Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори «Кадбону» дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Кузин»-и Ҷумҳурии Узбекистон лоиҳаи «Дастгирии занони Тоҷикистон дар худмашғулӣ бо ёрии технологияи рақамӣ»-ро татбиқ менамоянд.
Гуфта шуд, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур тавонмандсозии хонаводаҳо, бахусус хонаводаҳое, ки занон сарварӣ мекунанд, тавассути пешниҳоди маҳсулоти ҳамаҷонибаи рақамӣ, барои тиҷорати хурди ошпазӣ ва қаннодӣ буда, 300 нафар занон бо омӯзиши ин шуғл фаро гирифта шуданд.