
Санаи 30 октябри соли ҷорӣ дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иштирок дар 14 — умин Олимпиадаи байналмиллалӣ «Дониш» дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия сафарбар карда шуда буданд.
Хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд имрӯз бо музаффарият ба ватан баргаштанд, ки дар толори МД «Кохи Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд онҳоро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Шарипов, маъмурият ва омӯзгорону хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд гарму самимӣ қабул намуданд. Фирўза Нуруллозода хонандагону омӯзгоронро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ин дастовард таҳният гуфта, аз ҷумла таъкид намуд, ки иштироки фаъолони мактабиёни Хуҷанд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ шарафи бузург ва намунаи олии пайравӣ барои дигар муҳассилин аст. Зикр шуд, ки боиси ифтихор аст, ки дар ин олимпиада аз дигар макотиби шаҳр низ иштирок намуда, 17 нафар мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Олимпиадаи байналалмиллалии «Дониш» дар шаҳри Анталия аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва забономўзӣ аз 30 октябр то 6 — уми ноябр баргузор гардид, ки дар қатори якчанд хонандагони болаёқат аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон инчунин 22 нафар хонандагони болаёқати Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, шарафи Тоҷикистонро дар ин олимпиада шоиста муаррифӣ намуданд.
Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология, забони англисӣ, забони русӣ, забони туркӣ, табиатшиносӣ, география, таърихи ҷаҳон ва санъати тасвирӣ тибқи чадвали таҳияшуда аз 31 октябр то 5 ноябр баргузор гардида, 5 ноябр маросими расмии ҷамъбасти олимпиадаи байналмилалӣ баргузор гардид.
Хонандагони Литсейро дар ин сафар муовини директор оид ба таълим Марворид Бобохўҷаева ва омўзгори фанни математика Диловар Сулаймонов роҳнамоӣ намуданд.
Тибқи иттилоъи директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматзода аксари иштирокчиёни олимпиадаи мазкурро аз Литсей хонандагони хурдсол ташкил дода, барои аксарашон ин олимпиада нахустин сабқати санҷиши донишашон буд, ки аз ӯҳдаи он ба шоистагӣ баромаданд.
Дар натиҷаи ҷамбасти олимпиада хонандаи Литсей Парвиззода Гулсанам соҳиби мақоми аввал(аз бахши фарҳанг), Султонов Амир ва Насруллоева Диёра аз фанни биология, Абдуллоев Фирдавс ва Солиева Нозанин аз фанни забони русӣ соҳиби медали биринҷӣ инчунин 17 нафар бо дипломи иштирокчӣ ва медалҳои рамзии озмун сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналмилалии «Дониш» дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия аз соли 2009 инҷониб ҳамасола аз тарафи Академияи туризми Анталия ва Мактаби байналмиллалии «ЭДУАНТ»-и Федератсияи Русия баргузор карда мешавад.
Гуфтанист, ки айни ҳол хонандагони Литсей ба олимпиадаҳои байналмиллалии ҷаҳонӣ, ки дар кишварҳои Олмон ва Колумбия баргузор мегардад ҷиддӣ омодагӣ дида истодаанд ва рӯзҳои наздик сафарбар карда мешаванд.