Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода ҷиҳати баррасии ҳамкориҳо ба вилояти Бухоро сафари корӣ анҷом дод. Дар Бухоро Сафир бо раиси вилоят Зарипов Ботир дидору мулоқот намуда, оид ба тақвияти робитаҳои дуҷониба дар самтҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илму маориф, кишоварзӣ, фарматсефтика, харид ва фурӯши маҳсулоти нефтӣ, сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии зиёративу табобатӣ, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ табодули афкор намуданд.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат тарафҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба пешниҳодҳои муфидро ироа карданд.
Дар идома Сафир беш аз 50 лоиҳаи сармоягузориву тиҷоратиро ба таваҷҷуҳи бахши иқтисодии вилоят манзур намуд.
Дар давоми сафари корӣ бо мақсади шиносоӣ аз фаъолияти Донишгоҳи давлатии Бухоро ва кафедраи забони тоҷикӣ ба ин ниҳод ташриф бурд. Дар бинои донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Ректор Ҳомидов Обидҷон ва ҳайати устодон ва профессорони ин ниҳод мулоқот доир намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар самти илму маориф ва тақвият додани робитаҳои Донишгоҳи давлатии Бухоро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон андешарони карданд.
Ҳамчунин тарафҳо ҷиҳати табодули устодон, аспирантон ва донишҷӯён мулоҳизаҳои муфидро баён карданд.
Дар анҷоми мулоқот Сафир бастаи адабиётҳои гуногунро бо забони тоҷикӣ ба китобхонаи Донишгоҳ тақдим намуд.