13 ноябр дар Димишқ дар доираи сафари кории Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Арабии Сурия Муҳаммад Холид Раҳмун мулоқот намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан, тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ миёни сохторҳои соҳавии ду кишвар баррасӣ гардида, инчунин атрофи вазъи амниятии минтақа ва ҷаҳон табодули афкор сурат гирифт.