Собиқ Президенти ИМА Доналд Трамп расман эълон кард, ки номзадиашро ба мақоми президентӣ дар соли 2024 пешбарӣ мекунад. Ӯ барои пешбарӣ ба мақоми раиси Кохи Сафед ариза додааст, хабар медиҳад РИА “Новости”.
Ӯ ин тасмими худро бо он шарҳ дод, ки «ҷаҳон то ҳол шӯҳрати ҳақиқиро надидааст, ки ин миллат метавонад ба он ноил шавад». «Мо то ҳол ба ин қулла нарасидаем. Бовар кунед ё не», — гуфт Трамп.
Ба зикри Доналд Трамп, ИМА чаҳор соли дигар ба ҳукмронии Ҷо Байден, ки дар соли 2024 низ ширкат хоҳад кард, тоб нахоҳад овард. «Ман инро бо ханда намегӯям, бо гиря ҳарф мезанам”- изҳор дошт ӯ.
Трамп ваъда дод, ки аз ҳоло то рӯзи интихоботи соли 2024 мубориза хоҳад кард.
Трамп бар он пофишорӣ мекунад, ки ӯ дар интихоботи президентии соли 2020 пирӯз шудааст, аммо ба далели тақаллуби натоиҷи раъйдиҳӣ давраи дувуми худро аз даст дод. Ҳама кӯшишҳои ӯ барои собит кардани қаллобӣ дар додгоҳҳо ва ба муқобили пирӯзии Байден натиҷа надоданд.