16 ноябри соли 2022 дар шаҳри Димишқ муовини Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия оид ба масъалаҳои амниятӣ, роҳбари Дафтари амнияти миллии кишвар, генерал Алӣ Мамлук сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзодаро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷуиҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни ду кишвар ва баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.