16 ноябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григоревро ба ҳузур пазируфт.
Тавре радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҳамсуҳбатон масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро дар ҳошияи қолабҳои бисёрҷониба муҳокима намуданд.