18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи вазирони «Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ» мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.Норов баргузор гардид.
Вазирон ҷараёни иҷрои тавофуқҳоеро, ки дар натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар моҳи июни соли 2022 ҳосил шуда буданд, баррасӣ карданд.
Доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.