
21 ноябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Чад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Маҳамуд Адам Бечирро қабул кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Чад ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Чадро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.