21 ноябри соли 2022 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Штатҳои Муттаҳидаи Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳ дар ш. Теҳрон) Гильермо Пуэнте Ордорикаро қабул кард. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Мексика ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Мексикаро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.