Ҳуқуқшинос Наташа Пиртс-Мусар, ки номзади ғайриҳизбӣ буд, дар даври дуюми интихоботи президентии Словения пас аз коркарди садфоизаи баргаҳои раъй пирӯз гардид, — иттилоъ медиҳад хабаргузории «ТАСС».
Бино ба маълумоти Комиссияи давлатии интихоботии Словения, Пиртс-Мусар 53,89 фоизи овозҳоро гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки ба рақиби ӯ- собиқ роҳбари департаменти корҳои хориҷии Словения Анже Логар 46,11 фоизи интихобкунандагон овоз додаанд.
Наташа Пиртс -Мусар 23 декабри соли 2022 ба иҷрои вазифаи президенти Словения шурӯъ мекунад.